Душанбе, 25.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар Шимоли Ироқ, дар хати пеши ҷабҳа занон- сарбозони курд бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломӣ» далерона мубориза мебаранд,- иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «Евронюс».
«Мо бо чашмони худ дидем, ки ин духтарон омодаанд дар ҷанг қурбон шаванду ба асорати ДИ наафтанд. Дар ин ҷо отряди онҳо ҳамлаҳоро роҳбарӣ карда, шаҳри Киркуки аз тасарруфи ДИ баровардаро, ки аз нафт бой аст, дифоъ менамояд. Таҳти роҳбарии нируҳои мусаллаҳи курдҳо- Пешмарга муҳорибаҳои тӯлонӣ ба амал пайвастанд»,- иттилоъ дод хабарнигори «Евронюс», ки аз қароргоҳи занон -сарбозони курд мутааллиқ ба Ҳизби озодии Курдистон аст ва бо ДИ мубориза мебарад, дидан кард.
«Ин вазифаи ҳар инсон аст- бо ин душман, ҷангиёни ДИ мубориза бурдан. Ман ин ҷо дӯш бар дӯш бо бародарон ва хоҳарони мубориз, ки ҳамроҳ зери парчами ин Пешмарга мубориза мебарем, ҳастам. Ман мехоҳам, ки дар ҳимояи сарзамини худ, қавми худ ва хонаи худ ширкат варзам », — гуфт Зора Зоран, роҳбари ин гурӯҳи курдӣ.






