Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28922

«Толибон» роҳбари нав интихоб карданд

$
0
0

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раҳбари нави  ҳаракати «Толибон» дар  Афғонистон Мулавӣ Найбуталлоҳ Охунзода таъйин гардид.  Дар ин бора  дар изҳороти намояндаи Толибон Забиулло Муҷоҳид  гуфта мешавад,-  иттилоъ дод Reuters.
Манбаъ ҳамчунин тасдиқ кард, ки роҳбари пешини ҳаракат  Ахтар Муҳаммад Мансур, дар наздикии сарҳади байни Афғонистону Покистон аз зарбаи ҳавоии  бесарнишини ИМА  ба ҳалокат расид.
Дар бораи амалиёти  махсуси неруҳои ҳавоии ИМА  шаби 22-уми май маълум шуд. Бино ба маълумоти  сарчашмаҳои Reuters  бесарнишин  як мошинро, ки  дар қаламрави Покистон, дар наздикии марз бо Афғонистон ҳаракат мекард, ҳадафи худ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми зарбаи ҳавоӣ  роҳбари «Толибон» ва як нафар ҷангии дигар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти агентӣ  амалиёт  шахсан аз тарафи Барак Обама, президенти  Амрико истиқбол гардид.
Маълумотро оид ба  марги Мансур  роҳбари воломақоми  «Толибон» Мулло Абдул Рауф ва мақомоти Афғонистон тасдиқ карданд.
Дар бораи марги Мансур  моҳи декабри соли 2015 хабар доданд. Ҳамзамон  ВАО Покистон навишта буданд, ки Охунзода ба ин вазифа интихоб  мешавад, вале дертар ин маълумот тасдиқ нашуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28922

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>