Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28653

Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ба Душанбе омад

$
0
0

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз, 23 май вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев   ҷиҳати иштирок дар  ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба Душанбе ташриф овард.

Дар назар дошта шудааст, ки вобаста ба натиҷаҳои ҷаласаи мушовараи якҷоя миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД ФР санадҳо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Зимни сафари ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба Тоҷикистон як қатор мулоқоти сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати корҳои дохилии мамлакат бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳангоми мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, одамрабоӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир муносибатҳои судманди мутақобиларо роҳандозӣ кардааст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28653

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>