Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Хоккейбозони Канада чемпиони ҷаҳон шуданд

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби Канада чемпиони ҷаҳон оид ба хоккей эълон шуд. Хоккейбозони Канада дар даври ниҳоӣ дар шаҳри Маскав дастаи Финляндияро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.
Тими мунтахаби Канада соҳиби медалҳои тилло ва хоккейбозони Финляндия соҳиби медалҳои нуқраи чемпионат гардиданд.
Барои ҷойи севум дастаҳои Русия ва ИМА бо ҳам рақобат карданд.
Ин бозӣ бо ҳисоби 7:2 ба нафъи хоккейбозони рус анҷом ёфт ва дар натиҷа медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон насиби хоккейбозони рус гардид.
Хоккейбозони Русия ба гирифтани медалҳои биринҷии чемпионат мушарраф шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles