Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якҷояи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба кори худ оғоз намуд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҶТ баргузор мегардад.
Дар ҷаласаи мушовараи якҷояи ВКД ҶТ ва ВКД ФР се масъала баррасӣ мешавад:
- ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнин;
- Тақвият додани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм;
- Баррасӣ ва тасдиқ намудани нақшаи корӣ барои соли 2017;
Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории ду вазорат 29 нафар ҷинояткор, ки аз тарафи ВКД Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, аз тарафи ВКД ФР дар қаламрави Русия дастгир шуданд. Ҳамчунин 19 нафар ҷинояткороне, ки ВКД ФР онҳоро дар кофтуков эълон карда буд, аз тарафи ВКД Тоҷикистон дастгир шуданд.
Ҳамчунин дар ҷасалаи мушовара ҷонибҳо талош карданд, ки ба фоҷиаи дар қабристони Ховани шаҳри Маскав рухдода тобиши сиёсӣ дода нашавад.