Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28784

ИМА ва Италия вазъият дар Либия, Ироқ ва Сурияро баррасӣ карданд

Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Италия Матео Рентси бо ноиби президенти ИМА Ҷозеф Байден вазъият дар Либия, Ироқ, Сурия ва дигар масоили асосии рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ кард. Дар ин бора раиси ҳукумати Италия иттилоъ дод.
«Мо бо Ҷозеф Байден вазъият дар Ироқ, Сурия, Афғонистон, Либия ва инчунин ҳамоиши қарибулвуқӯи НАТО-ро дар Варшава баррасӣ намудем», — гуфт Рентси.
Ҳамчунин, Ҷ. Байден ва М. Рентси масъалаи тавсеа бахшидани табодули иттилоотро барои пешгирии ҳамлаҳои террористӣ ва кӯшишҳои Италияро барои барқарорсозии субот дар Ироқ ва Либия мавриди муҳокима қарор доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28784

Trending Articles