Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Ҷон Керри ва Сергей Лавров таҳкими оташбас дар Сурияро баррасӣ карданд

$
0
0

Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри ва вазири корҳои хориҷиии Федератсияи Русия Сергей Лавров зимни суҳбати телефонӣ роҳҳои таҳкими оташбас дар Сурияро баррасӣ намуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер эълом дошт.
Дар навбати худ, ВКХ Русия иттилоъ дод, ки Сергей Лавров ва Ҷон Керри зимни суҳбати телефонӣ «баррасии роҳҳои ҳалли низоъ дар Сурияро тавассути нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани низоми оташбасе, ки бо талошҳои муштараки Русия ва ИМА он ҷо мавриди амал қарор гирифтааст, таъмини аҳолии минтақаҳои муҳосирашуда бо кумаки башардӯстона ва ба роҳ мондани раванди сиёсии устуворро» идома доданд.
Чанде пеш, намояндаи Кохи Сафед Ҷош Эрнест изҳор дошт, ки оташбас дар Сурия ба «навсозӣ» аз ҳисоби талошҳои муштараки Русия ва ИМА эҳтиёҷ дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28669

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>