Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Лигаи якум: “Саройкамар” ва “Панҷшер” пешсафанд

$
0
0

Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври дуввуми Чемпионати мамлакат дар Лигаи якум дастаҳои “Саройкамар” ва “Панҷшер” бар “Локомотив”(2:0) ва “Ҳулбук”(2:1) ғалаба карда, бо 6 хол аз ду бозӣ ба сафи пеш баромаданд.
Дар даври дуввум “Ваҳдат” бо “Помир”(1:1), “Зарафшон” бо “Комунна” (0:2), “Чашма” бо “Канд”(3:1) ва “Исфара” бо “Кӯктош”(1:3) рақобатҳои худро ба анҷом расониданд.
Ба ҳамин тартиб  ба дарвозаи дастаҳо 17 тӯб ворид шуд, ки 9-тои онро соҳибони майдон ва 8-тоашро меҳмонон ба нишон расонданд. Дар натиҷа дар 3 бозӣ соҳибони майдон ва дар ду бозии дигар меҳмонон ба комёбӣ мушарраф шуданд. Як вохӯрӣ мусовӣ ба поён расидааст.
Даври сеюм рӯзҳои 1-ум  ва 2 май доир мешавад.  “Комунна” бо “Саройкамар”, “Парвин” бо “Ваҳдат”, “Ҳулбук” бо “Исфара”, “Канд” бо “Панҷшер”, “Локомотив” бо “Чашма” ва “Помир” бо “Зарафшон” вориди майдон мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>