Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Киштии нафткашон бо гази моеъ ва гази табиӣ аз иёлати Луизианаи Амрико ба Португалия баромад. Тавре ки интизор меравад, киштӣ охири моҳи апрел ба Аврупо хоҳад расид, иттилоъ медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба рӯзномаи Wall Street Journal (WSJ).
Ширкати португалии «Galp Energia» аввалин гази ширкати амрикоии «Cheniere Energy»-ро харидорӣ кард. Инчунин бо як қатор ширкатҳои аврупоӣ, аз ҷумла «BG Grou» ва ширкати испании «Gas Natural» шартномаи дарозмуддат ба имзо расониданд.
Бино ба иттилои «Wall Street Journal» дар Аврупо Амрикоро мебояд бо Маскав рақобат кунад. ҶФО нисфи газаш ва Италия аз се як ҳиссаро аз ФР мегирад. Норвегия, Алжир ва Шарқи Наздик низ дастраскунандагони бузурги газ дар минтақа маҳсуб мешаванд.
↧
ИМА бори аввал ба Аврупо гази худро равон кард
↧