Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар» /. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони прокуратураи ноҳияи Файзобод тибқи нақшаи чорабиниҳои мушаххас бо кормандони идораву ташкилот, сокинони маҳалҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Прокурори ноҳия Сафо Азиззода зикр намуд, ки: «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидааст».
↧
Файзобод: Вохӯрии кормандони прокуратура оид ба раъйпурсӣ
↧