Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Бунёди 25 иншоот ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ

$
0
0

Душанбе,22.04.2016. /АМИТ Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар саросари кишварамон, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода мешаванд.
Ба истиқболи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 25 иншооти хурду бузурги дорои аҳамиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ин иншоотҳои муҳимро, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, мактаб, кӯдакистон, маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббиву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои хурди коркарду истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва корхонаҳои хурди равғанбарорию истеҳсоли хишт ташкил медиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>