Душанбе, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар ноҳияи Мурғоб сокини 46-солаи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки аз соли 2011 то моҳи марти соли 2016 чорвои калони шохдораш (қутос)-ро барои нигоҳубин ба сокини 46-солаи ҳамин ноҳия, ки кораш чӯпонӣ аст, супоридааст. Аммо чӯпон 21 сар қутосашро ба маблағи 32 ҳазору 880 сомонӣ фурӯхта, маблағи онро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
↧
Қаллобии чӯпон ошкор шуд
↧