Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ

$
0
0

Душанбе, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳисор сокини 27-солаи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки соли 2014 сокини 26-солаи ноҳияи Шаҳринав ба бовариаш даромада, аз ӯ бо ваъдаи дар муҳлати муқарраргардида баргардонидан 27 ҳазор доллари амрикоӣ «қарз» гирифта, то ҳол бозпас нагардонидааст. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони қаллобӣ сокини 44-солаи шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Гумонбаршуда моҳи июни соли 2014 аз сокини 22-солаи шаҳри Қурғонтеппа 74 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи пулӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28657

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>