Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28785

Баррасии масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт

Душанбе, 05.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Алӣ Сулаймон ас-Саидро, ки ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот атрофи маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28785

Trending Articles