Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Муноқиша бо кордзанӣ анҷомид

$
0
0

Душанбе, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 4 апрели соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 52-солаи шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаҳои 201 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муайян карда шуд, ки гумонбаршуда рӯзи 3 апрели соли равон тахминан соати 18 дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт аз сабаби муноқишаи ба миёномада бо корди дар дасташбуда як маротиба ба тарафи чапи шиками сокини дигари 41-солаи Душанбе задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>