Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 30348

Обама: мубориза бо ҷангиёни ба Аврупо воридшаванда пурзӯр шавад

$
0
0

Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Президенти ИМА Барак Обама зимни суханронӣ дар Ҳамоиш доир ба амнияти ҳастаӣ даъват намуд, ки пеши роҳи мавҷи воридшавии ифротгароён аз минтақаҳои муноқиша дар Шарқи Наздик ба Аврупо гирифта шавад.

Вай иброз дошт, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳудуд, инфрасохтори нафтӣ ва даромадро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, террористон аз дигар кишварҳо, ки онҷо меҷанганд, бозгашт ба Аврупоро оғоз мекунанд. Ба таъкиди президенти ИМА, ҳамлаҳои террористӣ дар Туркия ва Белгия нишон доданд, ки қатъи назар аз мубориза бо ДИ дар Сурия ва Ироқ, «моро зарур аст, ки кӯшиши бештар намоем, то ки нагузорем онҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамлаҳои террористӣ ташкил кунанд».

«Мо бояд корҳои зиёдро анҷом диҳем, то ки роҳи воридшавии анбӯҳи ҷангиёни хориҷӣ баста шавад»,- тазаккур дод Обама. Ӯ ёдовар шуд, ки ИМА пас аз ҳамлаҳои террористии моҳи ноябри соли 2015 дар Фаронса мутахассисони худро ба Аврупо фиристод. «Мо дар ояндаи наздик боз гурӯҳҳоро мефиристем»,-иттилоъ дод президенти ИМА. Ӯ ҳамчунин аз иштирокдорони ҳамоиш даъват намуд, ки маълумоти иктишофии марбут ба ифротгароёнро фаъолтар табодул кунанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 30348

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>