Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29183

Артиши Миср 65 ҷангии ДИ-ро дар Синай маҳв кард

$
0
0

Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Артиши Миср дар шимоли Синай 65 ҷангии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро маҳв кард. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба сомонаи «Ал-Балад» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, террористон зимни амалиёти муштараки неруҳои Миср, ки дар шаҳрҳои Шайх Зубайд ва Рафоҳ гузаронида шуд, маҳв гардидаанд. Ҳамчунин амбори нигоҳдории яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва сӯзишвории ҷангиён хароб карда шуд. Гуфта мешавад, ки ба амалиёт ҳавопаймоҳои ҳарбӣ низ сафарбар шуда буданд.
Илова бар ин, тибқи иттилои сомонаи «Ал-Балад», ҳавопаймоҳо дар марз бо Либия 12 воситаҳои нақлиёти қочоқчиёнро хароб кардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29183

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>