Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Неруҳои Сурия дар шимолу шарқи шаҳри Палмира қабри оммавии сокинони осоиштаро дарёфт карданд. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба шабакаи телевизионии «Ал-Маёдин» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионӣ, дар атрофи шаҳри Палмира қабри оммавӣ дарёб гардид, ки он ҷо беш аз 25 нафар сокини осоиштаи аз ҷониби ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» кушташуда, дафн шудаанд. Аксарияти онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки шаҳри Палмира аз нимаи моҳи майи соли 2015 таҳти назорати ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» қарор дошт ва якшанбеи гузашта артиши давлати Сурия ва ҷангиёни пешмаргаи «Уқобони саҳроӣ» ин шаҳрро пурра аз дасти терррористон озод карданд.
↧
Неруҳои Сурия дар атрофи Палмира қабри оммавӣ дарёфт карданд
↧