Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор

$
0
0

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -30 марти соли 2016 зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти азназаргузаронии бошишгоҳи саҳроиаш, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чагами шаҳри Кӯлоб 4 килою 406 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид.

Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо гумонбарӣ дар чунин ҷиноят  сокини 30-солаи ноҳияи Ишкошим дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 836 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.

Ҳамин тариқ, зимни як чорабинии фаврии дигар кормандони милитсия дар ҳудуди ш. Душанбе, сокини 30-солаи ноҳияи Истаравшанро бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Аз  дастгиршуда  зимни кофтуков 2 килою  262 грамм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт гардид.

Ҷамъи маводи нашъадори мусодирашуда дар ин рӯз 7 килою 504 граммро ташкил дод.  Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш бурда мешавад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>