Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -30 марти соли равон кормандони милитсия дуздии чорвои калони шохдорро, ки аз тарафи марди 45-солаи сокини ноҳияи Восеъ 16.11.с.2015 содир шуда буд, ошкор намуданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба дуздии чорвои мазкур сокини 36-солаи ноҳияи Муъминобод, ки пеш бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда аз чарогоҳи деҳаи марди зарардида чор сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 15000-соминиро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши ҳодиса идома дорад.