Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -30 марти соли равон тахминан соати 12:30 аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор ба ШВКД дар ноҳияи мазкур хабар расид, ки ҷасади сокини 31-солаи ҳамин ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ оварда шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор сокини 41-солаи ноҳияи Фархор дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки гумонбаршуда бо марди 31-сола ҷанҷол намуда, бо табари дар дасташ буда якчанд маротиба ба сару пушташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.