ДУШАНБЕ, 03.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, чанд соат пеш дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Россия таркиши маргбор ба вуқӯъ пайваст. Агентии иттилоотии ТАСС хабар дод, ки дар натиҷаи таркиш на кам аз 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой карда шудаанд, дида мешавад, ки дохили метро пур аз дуд аст. Телевизионҳои давлатии Россия низ наворҳоеро аз ҷойи ҳодиса пахш карданд, ки дар онҳо мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ва мошинҳои сӯхторнишонӣ ба мушоҳида мерасанд.
Прокуратураи генералии Россия бо нашри баёнияе иттилоъ дод, ки таҳқиқи таркиш дар метрои Санкт Петербург шурӯъ шудааст ва Сергей Литвиненко, додситони шаҳр ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Телевизиони «Россия 24» гузориш дод, ки дар дохили метро дастгоҳи таркандаи худсохт таркидааст ва барои зиёд шудани талафот дар он оҳанпора насб кардаанд.