Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Путин бо директори Хадамоти федералии амниятӣ вазъ дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро баррасӣ кард

$
0
0

ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иброз намуд, ки бо директори Хадамоти федералии амниятӣ /ФСБ/ Александр Бортников вазъ дар истгоҳи метрои Санкт-Петербургро, ки он ҷо таркишҳо рух доданд, баррасӣ кард. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.

«Ман аллакай бо роҳбарони хадамоти махсус, аз ҷумла бо директори Хадамоти федералии амниятӣ суҳбат кардам. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус кор карда истодаанд ва барои муайян намудани сабабҳои ин ҳодиса ҳамаи чораҳоро меандешанд», — изҳор намуд Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Беларус Александр Лукашенко.

Тавре иттилоъ додем, чанд соат пеш бар асари таркиш дар истгоҳи метрои «Сенная плошад»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 10 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Даромад ва баромад ба 7 истгоҳи метро — «Парк Победа», «Электросила», «Московские ворота», «Фрунзенская», «Технологический институт», «Сенная плошад» ва «Гостиний двор» баста шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>