ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари таркиш дар вагони метро дар истгоҳи «Сенная плошад»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора агентии «ТАСС» бо истинод ба хадамоти фавқулода хабар медиҳад.
«Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари таркиш 10 нафар ҷон бохтанд. Ҷароҳатбардоштагон низ ҳастанд», — гуфт манбаъ ва зикр намуд, ки шумораи дақиқи осебдидагон муайян мешавад. Ҳанӯз тасдиқи расмии ин иттилоъ ба агентии «ТАСС» нарасидааст.
Дар навбати худ «РИА Новости» бо такя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки бар асари таркиш дар метрои Петербург кӯдакон низ ба ҳалокат расидаанд.
«Миёни қурбониёни таркиш кӯдакон низ ҳастанд, ки дар таътили баҳорӣ буданд. Вале то ҳол шумора ва ному насаби онҳо муайян нашудааст», — гуфт манбаи «РИА Новости».
Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳузур доранд.
Чанде пеш иттилоъ расид, ки дар истгоҳи метрои «Сенная плошад» таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он одамон ҷароҳат бардоштанд.
Гуфта мешавад, ки даромад ва баромад ба истгоҳҳои «Парк Победа», «Электросила», «Московские ворота», «Фрунзенская», «Технологический институт», «Сенная плошад» ва «Гостиний двор» баста шудааст.