ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти охир, бар асари таркиш дар шаҳри Парачинори шимолу ғарби Покистон 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора «АИР Новости» бо такя ба агентии «Франс Пресс» хабар медиҳад.
Қаблан дар бораи 22 қурбонӣ ва тақрибан 100 маҷрӯҳшуда иттилоъ расида буд.
Ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи ҷумъа дар бозори маҳаллии яке аз ноҳияҳои шаҳри Парачинор рух дод. То ҳол сабаби он муайян нашудааст, вале сиёсатмадорони маҳаллӣ тахмин доранд, ки ин амали террористӣ мебошад ва эҳтимол ҳадафи он на бошандагони бозор, балки шахсоне, ки рӯзи ҷумъа барои анҷом додани ибодат ба масҷиди наздик меомаданд, буданд.
↧
Шумораи қурбониёни таркиш дар шаҳри Парачинори Покистон ба 24 нафар расид
↧