Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дабири кулли СММ ҷомеаи ҷаҳониро ба кумаки аҳолии Ироқ даъват намуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш зимни сафараш ба Ироқ ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамраъйии бештар бо мардуми ин кишвар ва ба дастгирии онҳо даъват карда, барои расонидани кумак захираҳои зарурӣ надоштани СММ-ро зикр намуд. Дар ин бора «АИР Новости» хабар медиҳад.
Антонио Гутерреш чанд рӯз қабл барои бо вазъи башардӯстонаи Ироқ шинос шудан ба ин кишвар ташриф овард. Ӯ боздидашро аз яке аз лагерҳои шимоли Ироқ «сафари ҳамраъйӣ бо аҳолии Мосул», ки он ҷо амалиёт барои озод намудани қисмати ғарбии шаҳр аз ҷангиён идома дорад, номид.
«Ин одамон зарари ниҳоят калон диданд ва азият мекашанд. Бояд ҷомеаи байналмилалӣ ба онҳо кумак расонад. Ҳукумати минтақавӣ (Курдистони Ироқ), ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва СММ тадбирҳои бузург меандешанд, вале мо барои ба ин одамон кумак расонидан захираҳои зарурӣ надорем», — гуфт Гутерреш зимни суханрониаш дар лагери Ҳасан Шан дар шимоли Ироқ.
Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2016 амалиёти низомиён ва эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбариии ИМА оид ба озод намудани Мосул оғоз гардид ва зимни он қисмати шарқии шаҳр озод карда шуд. Нимаи моҳи феврал сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ дар бораи оғоз гардидани амалиёти озоднамоии қисмати ғарбии шаҳр эълон намуд. 24 феврал неруҳои ҳукумати Ироқ пойгоҳи низомӣ ва деҳаеро дар самти ҷанубу ғарби Мосул озод намуда, ба минтақаҳои истиқоматии қисмати ғарбии шаҳр ворид шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles