Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Ҳайати соҳибкорони Австрия ба Тоҷикистон меоянд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 3-5 апрели соли равон ҳайати соҳибкорони Австрия бо роҳбарии директории минтақавӣ оид ба масъалаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Палатаи Федералии иқтисоди Австрия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст, ки дар рӯзи аввали сафар ҳайати мазкур бо масъулини вазорату идораҳо ва ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад.
Дар рӯзи дуюми сафари кории ҳайати соҳибкорони Австрия пас аз нисфирӯзӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бизнес-Форуми Тоҷикистону Австрия баргузор мегардад.
Бегоҳиии рӯзи 4 апрел ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатии шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28734

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>