Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018

$
0
0

ДУШАНБЕ, 1.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи якшанбе, 2-уми апрел дар меҳмонхонаи Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» нишасти матбуотӣ доир мегардад. Ба саволи хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Филиппин посух медиҳанд. Пас аз анҷоми конфронси матбуотӣ барои инъикоси бозиҳо ба хабарнигорон бейҷҳои аккредитатсионӣ дода мешаванд.
Оғози нишаст- соати 12:00.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 12 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ироқ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Филиппин гузаронида мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>