Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

ВКХ АМА: кишварҳои ЛДА азми таҳкими ҳамкории ҳарбӣ бо Русияро доранд

Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кишварҳои Лигаи давлатҳои Араб омодаанд, ки ҳамкориро бо Русия, аз ҷумла дар соҳаи ҳарбӣ таҳким бахшанд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ал-Наҳаён изҳор дошт.
«Мо дар таҳкими ҳамкорӣ миёни Русия ва Лигаи давлатҳои Араб дар сатҳи дастаҷамъона ва дуҷониба хеле манфиатдорем. Имрӯз мо ин ҷо омадаем, ки омодагиамонро барои таҳкими ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангӣ тасдиқ намоем», — гуфт ӯ пеш аз оғози ҳамоиши Русия ва кишварҳои Араб дар Маскав.
Ал Наҳаён изҳори бовар кард, ки ҳамкории байни кишварҳои ҷаҳони араб ва Русия таҳким меёбанд.
Ба гуфтаи ӯ, баргузории ҳамоиш бояд ҳамкории кишварҳои Лигаи давлатҳои Араб ва Русияро тақвият бахшад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles