Душанбе, 26.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Соати 12:00 ба вақти Димишқ муҳлати қабули дархостҳои тарафҳои даргир дар ҳудуди Сурия барои иштирок дар оташбасе, ки созишномаи муштараки Русия ва ИМА муайян кардааст, ба поён расид.
Ёдовар мешавем, рӯзи душанбе изҳороти муштараки Русия ва ИМА оид ба Сурия нашр гардид, ки тибқи он оташбас дар ин кишвар бояд дар нимашаби 27-уми феврал оғоз гардад. Аз он гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигар воҳидҳои аз ҷониби СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.
↧
Муҳлати қабули дархостҳо аз мухолифини Сурия барои иштирок дар оташбас ба поён расид
↧