Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

С. Лавров: Маскав ва Лигаи давлатҳои Араб дар мубориза бо терроризм мавқеи ҳамсон доранд

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар фарҷоми ҳамоиши ҳамкории Русия ва кишварҳои Араб эълом дошт, ки Русия ва Лигаи давлатҳои Араб дар муборизаи қатъӣ бо терроризм мавқеи ҳамсон доранд. Дар ин бора агентии ТАСС хабар медиҳад.
«Мо ба мушкилоти терроризми байналмилалӣ диққати махсус зоҳир кардем. Мо дар муборизаи қатъӣ бо ин бадӣ мавқеи ҳамсон дорем», — гуфт С. Лавров.
Илова бар ин, вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур созиши Русия ва ИМА-ро доир ба оташбас дар Сурия, ки аз 27-уми феврал мавриди амал қарор мегирад, ҷонибдорӣ намуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28608

Trending Articles