Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Беэҳтиётии ронандагон боиси марги одамон гардидааст

$
0
0

Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-21-уми феврал ронандаи мошини тамғаи  Опел-Астра,  сокини 32-солаи ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар ҳудуди ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи Опел-Астра, таҳти идораи сокини 68-солаи ноҳияи Файзобод бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири мошини Опел-Астра-и якум, сокини 27-солаи н.Нуробод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Инчунин мусофирони мошини мазкур -занҳои 25- ва 54-солаи  ноҳияи Нуробод  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

22-юми феврал  ронандаи мошини тамғаи Хундай-Старекс,  сокини 26-солаи ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди назди хонаи истиқоматиаш аз беэҳтиётӣ, духтарчаи 2-солаи ҳамин маҳалларо пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин дар ин рӯз, ронандаи мошини тамғаи  Мерседес-Бенс, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Шарқ дар назди хонаи истиқоматиашон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 2-солаи сокини кӯчаи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28754

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>