Душанбе, 23.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Сурия ба шартҳои ИМА ва Русия оид ба қатъи амалиёти ҷангӣ ба шарте розӣ шуд, ки агар кӯшишҳои низомии Русия дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва дигарон идома ёбанд.. Дар ин бора агентии SANA иттилоъ дод.
Илова бар ин, ҳукумати Сурия эълом дошт, ки омодааст бо мақомоти Русия амалиётро барои муайян намудани минтақаҳое, ки дар онҳо амалиёти низомӣ қатъ мегарданд ва инчунин гурӯҳҳои иштирокдори музокирот ҳамоҳанг созад. Ҳамчунин Димишқи расмӣ ҳуқуқ дорад ба ҳама гуна вайрон кардани музокирот аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷавоб гардонад.
Ёдовар мешавем, рӯзи душанбе изҳороти муштараки ИМА ва Русия дар бораи Сурия нашр гардид, ки мутобиқи он бояд оташбас миёни неруҳои Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифони ҳукумат аз 27-уми феврал оғоз шавад. Аз ин созиш гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва воҳидҳои дигари аз ҷониби СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.
↧
Ҳукумати Сурия ба изҳороти Русия ва ИМА оид ба оташбас розӣ шуд
↧