Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2014 шаҳрвандон: марди 26-сола ва 36-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 49500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидаанд.
Ҳамчунин ба ҳамин ШВКД, зани 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2012 зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.