Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Санаи 05.02.с.1216, ба РВКД дар шаҳри Хуҷанд, марди 26-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки шаби 03 ба 04.02.с.2016, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бито”, маҳсулотҳои ҳоҷагӣ, ҷамъ ба маблағи 6750-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: марди 21-сола ва 22-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Ҳамчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Рашт, марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навобод шуда, аз он ҷо 2500 сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.