Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Мулоқоти навбатии намояндагони ИМА, Чин, Афғонистон ва Покистон оид ба таҳияи «Харитаи роҳ»-и раванди музокирот бо ҳаракати «Толибон» 6-уми феврал дар Исломобод доир мегардад. Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ дар иртибот ба мулоқоти қарибулвуқуи «Чоргона» изҳор дошт, ки: «Мо 6-уми феврал ҷамъ омада, ҳадафҳоямонро вобаста ба пешрафти минбаъдаи раванди сулҳ дар Афғонистон тасдиқ хоҳем кард».
Салоҳуддин Раббонӣ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки «доираи кунунии ҳамкорӣ аллакай дар ояндаи наздик имкон медиҳад ба дастовардҳои мушаххас ноил гардем».
Ӯ ба он ишора намуд, ки ҷониби Покистон аллакай ҷонибдориашро ба раванди музокироти сулҳ тасдиқ кард ва илова бар ин, барои иштирок дар гуфтушунид ба ҳаракати «Толибон» даъватнома фиристода шуд.
Дар навбати худ, роҳбари мақомоти иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ 4-уми феврал иттилоъ дод, ки дар нақша аст музокироти сулҳ бо «Толибон» дар шаш моҳи оянда аз сар гирифта шавад.
«Эҳтимол миёни Толибон гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд аз хушунат даст кашанд ва сари мизи музокира нишинанд», — гуфт Абдуллоҳ Абдуллоҳ.
↧
Дурнамои раванди сулҳи Афғонистон дар арафаи мулоқоти сеюми «Чоргона»
↧