Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Полиси Туркия шаш гумонбари дигари ҳамлаи террористии Истанбулро боздошт кард

$
0
0

Душанбе, 09.07.2016. / АМИТ «Ховар»/. Полиси Туркия шаш нафари дигарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаи террористии фурудгоҳи Истанбул боздошт кард, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Дар ин бора агентии Анадолу хабар медиҳад.
Гумонбарон зимни амалиёти полис, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳр гузаронида шуданд, боздошт гардиданд. Бино ба фарзияи тафтишот, яке аз ҳаммаслакони эҳтимолии террористон бо террористӣ ҳамларо содиркарда дар тамоси мустақим буда, 5 нафари дигар дар якҷоягӣ бо ӯ амал мекардаанд. Дар бораи шаҳрвандии боздоштшудагон иттилоъ дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, шоми 28-июни соли равон дар даромадгоҳ, баромадгоҳ ва таваққуфгоҳи фурудгоҳи байналмилалии Отатурки Истанбул таркиш рух дод. Дар 44 нафар, аз ҷумла 19 шаҳрванди хориҷӣ ҳалок гардида, 239 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Чанде пеш президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон эълон дошт, ки 30 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷӣ бо гумони даст доштан дар ин ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористӣ ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифта буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28844

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>