Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28879

Т. Мэй: Британия аз ИА мебарояд ва рафту омади озоди шаҳрвандонро назорат мекунад

Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Британияи Кабир аз Иттиҳоди Аврупо /ИА/ мебарояд ва назоратро аз болои рафту омади озоди шаҳрвандони ҷомеаи Аврупо ба роҳ мемонад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Daily Telegraph» номзад ба мансаби раиси Ҳизби ҳокими консервативӣ ва ҳамзамон ба вазифаи роҳбари Ҳукумати Британия Тереза Мэй иброз дошт.
«Агар ман сарвазир шавам, он гоҳ мо аз ИА мебароем ва қисме аз ин иқдом ба роҳ мондани назорат аз болои рафту омади озод хоҳад шуд», — гуфт ӯ.
Вазири корҳои дохилии Британия ҳамҳизбонашро даъват кард, ки якдигарро ба тарафдору муқобили баромад аз ИА ҷудо накунанд. «Бисёр муҳим аст, ки мо ҳамчун ҳизб ва ҳамчун кишвар муттаҳид шавем», — таъкид кард Т. Мэй.
Зарурати интихоби роҳбари нави «тори» — «Tory» ба он хотир пеш омад, ки сарвазири кунунии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон як рӯз пас аз раъйпурсии рӯзи 23-июн, ки дар он 51,9 дарсади шаҳрвандони Британия ба тарафдории баромадани кишвар аз ҳайати ИА овоз доданд, дар бораи ба истеъфо рафтанаш эълон кард.
Аз рӯи натиҷаҳои даври дуюми овоздиҳӣ, ки рӯзи панҷшанбе миёни аъзои фраксияи парлумонии консерваторҳо баргузор гардид, ба ҷонибдории Тереза Мэй 199 вакил ва ба тарафдории муовини вазири энергетика ва тағйирёбии иқлим Андреа Лидс 84 вакил раъй доданд. Ҳарду номзад ба даври ниҳоии рақобати дохили ҳизби баромаданд, ки то охири тобистон идома меёбад.
Акнун тақдири роҳбари ҳизб ва ҳукуматро аллакай на 331 вакили фраксияи тори дар Палатаи намояндагон, балки 150 ҳазор нафар аъзои Ҳизби консервативӣ бо роҳи овоздиҳӣ тариқӣ почта муайян хоҳанд кард. Номи роҳбари нави ҳукумат бояд то 9 сентябр эълон гардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28879

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>