Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28809

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор тонна ҳосили ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст

$
0
0

Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 307 ҳазору 509 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо гузаронида шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то 4 июли соли равон майдони 158 ҳазору 379 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст, ки 51,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ ба 433 ҳазору  424 тонна баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 92 ҳазору 292  тонна зиёд мебошад.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 209 адад комбайнҳои ғалладарав мавриди истифода қарор гирифтанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28809

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>