Душанбе, 09.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо /ИА/ ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ /СААШ-НАТО/ дар Варшава эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Дар ин бора агентии «ТАСС» хабар медиҳад.
Ин санадро Дабири кулли СААШ Йенс Столтенберг, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва роҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер имзо карданд.
Бино ба манбаи дипломатӣ, санади мазкур муттаҳидсозии захираҳои ИА ва СААШ-ро барои вокуниш ба чолишҳои ҳамсон, аз ҷумла муҳоҷират, таҳдидҳои гибридӣ ва ҳамлаҳои хакерӣ таъмин менамояд.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки ИА ва СААШ дар ҳошияи ҳамоиш дар Варшава «Эъломияи муштараки роҳбарони ИА – СААШ» — ро ба имзо мерасонанд.
↧
ИА ва СААШ эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонданд
↧