Душанбе, 29.01.2016. (AMIT «Ховар»). — Президенти ИМА Барак Обама ба аъзои маъмурияташ дастур дод, ки мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро дар Либиё ҷонибдорӣ намоянд.
Президент таъкид намуд, ки «ИМА муборизаро бо гурӯҳҳои хурди «Давлати исломӣ» дар ҳар як кишваре, ки барои он зарурат ҳаст, идома хоҳад дод». Илова бар ин, ӯ зикр намуд, ки террористон қӯшиш доранд дар кишварҳое, ки ҳукуматашон заиф аст, паноҳгоҳ пайдо намоянд.
Вақтҳои охир масъалаи оғози амалиёти ҳарбии ИМА зидди «Давлати исломӣ» дар Либиё аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вале намояндагони расмии Вашингтон ҳоло танҳо дар маҷмӯъ дар бораи зарурати мубориза бо терроризм дар ин кишвар, ки пас аз барканории Муаммар Қаззофӣ чанд сол аст ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шудааст, ҳарф мезананд.
Чанде пеш вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер изҳор дошт, ки ҳукуматдорони Амрико ҳанӯз дар бораи бомбаборони эҳтимолии мавқеъҳои ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Либиё қарор қабул накардаанд.
↧
Барак Обама ба маъмурияташ дастур дод, то кӯшишҳои мубориза бо «Давлати исломӣ»-ро дар Либиё дастгирӣ кунад
↧