Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28593

Соли 2016 дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ гармтарин хоҳад буд

Душанбе, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Тибқи иттилои олимони Бритониёи Кабир, соли 2016 дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ аз ҳама гармтарин хоҳад буд. Онҳо зикр намуданд, ки дар давоми 5 сол ҳарорати сайёра тадриҷан афзоиш хоҳад ёфт.
Ба иттилои онҳо, чунин падида ба осонӣ шарҳ дода мешавад. Ба муҳити зист ҳамарӯза миқдори зиёди моддаҳои зараровар меафтанд. Сабаби дигари афзоиши ҳарорат — ин гармшавии оби уқёнуси ҷаҳон, ки дар самти шарқ омезиш меёбад, мебошад.
Коршиносон бар он назаранд, ки ба эътидол овардани ҳарорат имконпазир аст. Онҳо исроркорона ба корхонаҳои азим тавсия медиҳанд, ки партови газҳои зарарнокро ба фазо коҳиш диҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, дар соли 2017 нишондиҳандаҳои ҳарорат метавонанд ба таври назаррас аз соли гузашта фарқ кунанд. Имрӯз олимон бо итминони комил гуфта наметавонанд, ки гармшавии ғайримуқаррарӣ кай ба охир мерасад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28593

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>