Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Парлумон оид ба беҳтарин асар дар мавзӯи экология озмун эълон мекунад

$
0
0

Душанбе, 29.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо мақсади тарғиби сиёсати экологии Тоҷикистон ва инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологии кишвар озмун эълон менамояд. Дар озмун гурӯҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, имкон доранд силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи итилоотиро оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пешниҳод намоянд. Тағйирёбии иқлим, чораҳои пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба он, истифодаи захираҳои обию энергетикӣ, масъалаҳои экологии байнисарҳадӣ, инъикоси мавқеъ ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз мавзӯъҳои озмун аст.
Маводи иттилоотии ба озмун пешниҳодшаванда тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, воситаҳои интернетӣ ба оммаи васеъ бояд дастрас бошад. Озмун аз 1 январ то 20 декабри соли 2016 гузаронида мешавад. Ғолибони озмун аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ -барои ҷойи якум чор ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм се ҳазор ва ҷои сеюм ду ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>