Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Ходимони ширкати амрикоии FedEx, ки ба интиқоли мактуб ва бастаҳо машғуланд, зимни ирсоли бастаҳои почта дар фурудгоҳи ба номи Шарл де Голли Фаронса дар дохили баста таҷҳизоти монанд бо маводи таркандаро пайдо карданд. Дар ин бора агентии Франс Пресс иттилоъ дода, зикр кардааст, ки баста бо маводи тарканда ҳанӯз 22-юми январ пайдо шуда буд, вале дар ин бора танҳо баъд аз 7 рӯз хабар паҳн карда шуд. Иттилоъ дода мешавад, ки дар дохили бастае, ки аз Амрико бояд ба кишвари Тунис мерафт, ходимони почта оҳанпораҳои бо маводи тарканда истифодашаванда ва асбоби таркандаи маводро пайдо карда, фавран масъулини фурудгоҳро аз ин «бозёфт»-и худ ва эҳтимоли сар задани ҳодисаи фавқулодда огоҳ намудаанд.
Баъдан маълум шудааст, ки бастаи мазкур ба сафорати ИМА дар Тунис тааллуқ дошта, воқеан дар он нусхаи маводи тарканда барои анҷом додани машқҳои зиддитеррористӣ ирсол шудааст. Бо шунидани ин шарҳ ходимони ширкати FedEx изҳори норозигӣ карданд, ки онҳо қаблан аз мавҷуд будани чунин баста огоҳ нашуданд.
Хотиррасон бояд шуд, ки ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурии Фаронса вазъияти фавқулодда амал мекунад, ки он бо фармони президент Франсуа Олланд баъд аз амалҳои террористии моҳи ноябри соли гузашта ҷорӣ шудааст. Дар он амалҳои террористӣ 130 нафар сокинони осоишта ба ҳалокат расида буданд.
↧
Бозёфт шудани нусхаи маводи тарканда дар бастаи сафорати Амрико
↧