Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015», бо мақсади таъмини шаффофияти маълумоти оморӣ, дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ташкили дурусти маълумоти оморӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо, хизматрасонӣ, нақлиёт, сохтмон, инъикоси воқеӣ ва таҳлили нишондиҳандаҳои соҳавӣ дар дастгоҳи марказии агентӣ дар мақомоти омори вилоятҳо гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуданд». Ин нуктаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён кард.
Гулнора Ҳасанзода ҳамчунин илова намуд, ки дар доираи фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021” омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021” тасдиқ шуд.
↧
Таъсиси гурӯҳҳои кори байниидоравӣ дар Агентии омори ҶТ
↧