Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 24 январи соли 2016 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт маросими тақдими кумаки молиявии Бунёди байналмилалии хайриявии Кувайт барои бартараф намудани пайомадҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба масъулини Бунёди хайриявӣ изҳори сипос намуд ва таъкид дошт, ки ин иқдом баёнгари пайвандҳои самимии бародарӣ ва дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мебошад.