Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Русия аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст

Душанбе, 29.01.2015.(АМИТ «Ховар»).- Федератсияи Русия ҳамоно яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда, беш аз 30 % ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Дар ин раддабандӣ кишвари ҳамҷавор- Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 22,2%-и ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон зинаи дуюмро касб менамояд. Инчунин ҳаҷми маҳсулоти воридотии кишварҳои дигари хориҷӣ, назири Қазоқистон 16,2%, Туркия 3,9 %, Эрон 3,6%, Туркманистон ва Швейтсария 3,1 %, Литва 2,4, Покистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,2 %-ро ташкил медиҳад.
Тибқи омори гумрукӣ дар соли сипаришудаи 2015 ҳаҷми асосии содироти мол аз кишварамон ба Туркия беш аз 28%, Швейтсария 23,1 %, Қазоқистон 16,4 %, Эрон, Русия ва Афғонистон зиёда аз 6% ва бо кишвари дигари осиёӣ -Покистон 2,6 %-ро тащкил дод.
Асосан ҳамон молҳое, ки маъмулан иқтидори содиротии кишварро ташкил медиҳанд, ба мисли алюминий ва маҳсулоти он, нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо, меваю сабзавот ба хориҷи кишвар содирот гардиданд. Ва он молу маҳсулоте, ки аҳолии кишвари мо ба онҳо ниёзи бештар доранд, аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гандум, гази моеъ, оксиди алюминӣ, чӯбу тахта, воситаҳои нақлиёти сабукрав ворид карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 100 кишвари дунё муомилоти тиҷоратӣ дошт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles