Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all 31115 articles
Browse latest View live

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6475 то 10.6700 сомонӣ муқаррар шудааст

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:

1 доллари ИМА — 10.6475  сомонӣ;

1 евро – 11. 8730  сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1147  сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.6475  то 10.6700 сомонӣ;

1 евро аз 11.8730  то  11.6000 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0. 1147  то 0.1140 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».


Давлатҳои аъзои ИДМ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр менамоянд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Инчунин дар ҷаласа намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, фаъолияти Шуроро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти шуро мунтазам рушд намуда, имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ гарданд ва нисбат ба онҳо тадбирҳои зарурии саривақтӣ андешида шаванд.


Илова бар ин, иштирокчиён дар ҷаласа масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ карда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкоркунии ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.

Дар фарҷом вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ ҳамкорӣ дар доираи шуро тақвият дода шавад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бонки ҷаҳонӣ дар таҳияи мундариҷавии Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо саҳм мегузорад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар ҳошияи иштирок дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири глобалии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Ҷенифер Cара баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Тавофуқ ҳосил шуд, ки дар баробари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ дар таҳияи мундариҷиавии ин ҳамоиш саҳм хоҳанд гузошт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун Маркази рушди малакаҳои касбиро ифтитоҳ намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ оғоз гардид.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар шаҳри Роғун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби 2,9 миллион доллари ИМА аз шарикони хориҷии рушд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки «Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун» аз бинои таълимӣ ва хобгоҳи 4-ошёна бо 130 ҷойи хоб, 8 устохонаи таълимӣ ва биноҳои ёрирасон иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда ва талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ба маблағи 32 миллион сомонӣ дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар бунёд гардидааст.

Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки раванди таълим дар як баст барои то 150 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз 10 синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Дар раванди сохтмони иншооти мазкур беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб гардида буданд. Баъди ба истифода додани Марказ 38 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар марказ дар баробари омӯзиши 4 касби соҳаи барқ ҳамчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити фароҳамгардида дар маркази мазкур имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ба омӯзиш касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.

Иншооти навбунёд бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 57 ҳуҷра ва 130 ҷойи хоб таъсис дода шудааст.

Барои ҳавасмандӣ ҷиҳати иштирок дар раванди таълим, ба занони таълимгиранда нигоҳубини ройгони кӯдакон ва стипендия пешбинӣ шудааст.

Дар Марказ омӯзиши малакаҳои касбӣ дар мувофиқа бо ассотсиатсияҳои соҳавӣ муайян шудааст. Барномаҳои нави таълимӣ барои давраи кӯтоҳтар нисбат ба таълими муқаррарӣ барои гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, ки имкони пардохти таълим ё сарфи вақти барои барномаи ТИКТО дар шакли рӯзона муқарраргардидаро надоранд, пешбинӣ карда мешавад.

Инчунин дар саҳни бинои хуштарҳу замонавӣ майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шуда, атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст.

Иншооти мазкур бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, тамоми синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар давраи сардиҳо тавассути он пурра бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои таъсиси ҳамин гуна марказҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин интихобу ҷобаҷогузории омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»-ро ба истифода доданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад.

Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд.

Иншооти нави соҳа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 млн. доллари амрикоӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Зеристгоҳи мазкур бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, сохта шудааст.

Баробари сол то сол бо зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ҳамзамон шумораи истифодабарандагони неруи барқ низ зиёд мегардад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам намудани сарбории зеристгоҳҳо ва бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани неруи барқ зеристгоҳҳои нав бунёд намуда, зеристгоҳҳои таъмирталабро навсозӣ менамояд.

Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидаанд. Дар иншооти навсохт 11 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ ва васл таҷҳизоти барқӣ дар иншооти системаи энергетикӣ моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, моҳи июни соли 2024 пурра ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд.

Тибқи лоиҳа дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» 9 чашмаки 220 кВ, навсозии бинои идоракунии фаврӣ ва биноҳои ёрирасон анҷом дода шудааст.

Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои он пурра асфалтпӯш гардидааст.

Иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Соро Аҳмадӣ аз Эрон: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғарибӣ намекунем»

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бениҳоят  ба ман писанд омад, хусусан шаҳри Душанбе, ки хеле тозаю озода ва зебову назаррабо аст. Бо сокинони меҳмоннавози пойтахти тоҷикон ҳамсуҳбат шуда, аз  шунидани лафзи  ширину форамашон  лаззат бурдам. Сари ҳар қадам нишоне аз таъриху фарҳанги  муштарак доштани тоҷикону эрониҳоро дидам.  Дар ин шаҳр ҳама чиз бароям ошност. Обу ҳаво, кӯчаю хиёбон, гулгаштҳои сабзпӯш ва мардумони самимиашро дӯст доштам. Ҳамин аст, ки мо, эрониён  дар ин ҷо ғариб будан ва бегонагиро эҳсос  намекунем. Чунин иброз намуд иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 Соро Аҳмадӣ аз Маркази машваратӣ барои эрониён дар хориҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Соро Аҳмадӣ мегӯяд, ки тоҷикону эрониёнро забону фарҳанг ва урфу одатҳояшон ба ҳам пайванд мекунанд. «Фикр мекунам, ки мо аз як хонавода ҳастем, ки имрӯз ин намоишгоҳ моро канори ҳам ҷамъ намуд», -иброз дошт ӯ.

Соро Аҳмадӣ гуфт, ки ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷик аст. «Мо тавассути иштироки худ дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 метавонем меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Ба ин восита шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бештар ба  Тоҷикистон оянд ва  манзараҳои нотакрори  ин мамлакати зеборо тамошо намоянд».

Ёдовар мешавем, ки нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) беш аз 110 ширкати сайёҳӣ, ҳунармандон ва намояндагони 16 давлат иштирок доранд.

Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.

DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Оид ба муҳимияти он ва фаъолияти волонтёрон машварат доир шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ на танҳо дастрасии осон ба маҷмуи хизматрасонии молиявӣ, балки ба таври назаррас боло бурдани сатҳи амнияти  молиявиро ифода менамояд. Чунин таъкид намуд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ дар машварати омӯзишӣ, ки дар мавзуи «Фаъолияти фаҳмондадиҳии муҳтаво ва муҳимияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва фаъолияти волонтёрон дар бонкҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди шаҳри Душанбе»  дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Машварати омӯзишӣ дар доираи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони  ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ва гурӯҳи волонтёрон гузаронида шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷидин Икромӣ  гуфт, ки “рушди босуръати технология ва тағйирёбии ниёзҳои замони муосир ҷузъи муҳими ҳаёти имрӯза гардидааст. Аз ҷумла, зиёд шудани истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки амалиёти молиявӣ бе истифодаи пули нақд ба таври осон ва сари вақт анҷом дода шавад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошта дар ин самт иштироки фаъоли волонтёрон мувофиқи мақсад буда, қадами муҳим дар роҳи рушди устувори иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегардад”.

Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба аҳамияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷомеа ишора намуда, гуфт, ки “пардохтҳои ғайринақдӣ ба ташаккули иқтисодиёти рақамӣ мусоидат намуда, барои идоракунии самараноки амалиёти молиявӣ шароит фароҳам меоранд”.


Чорабинӣ ба иштирокдорон имкон медиҳад, ки дониши худро доир ба ин мавзуъ амиқтар намуда, маълумоти азхуднамударо дар фаъолияти минбаъда васеъ истифода баранд.

Дра машварат мутахассисони низоми бонкӣ доир ба мавзуъҳои «Рақамикунанонии пардохтҳо: моҳият ва бартарияти он», «Ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ», «Муҳтаво ва муҳимияти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ» ва «Бонки миллии Тоҷикистон- мақоми ваколатдор дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ» маъруза карданд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти тарғиботии волонтёрон дар самти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим буда, ба ин васила метавонанд дар рушди ҷомеа, пешбурди пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ саҳм гузоранд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври чоруми марҳилаи интихобӣ бо Малайзия рақобат мекунад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни  дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «Е», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, 27 сентябр бозиҳои даври чаҳорум баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20), ки ҳоло ҳам имкони баромадан аз гурӯҳро дорад, дар даври баъдӣ бо тими Малайзия вомехӯрад. Ҷавонони Малайзия то ҳол чаҳор имтиёзро соҳиб гаштанд.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО «Роғун»шинос шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.

Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст.

Дарозии дарвозаҳо 79,4 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот аз соли 2019 оғоз гардида, онро бинокорони корхонаи пудратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба иҷро расонидаанд.

Иҷроиши корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад.

Дарвозаҳои таъмирӣ дар неругоҳҳои обӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иншоот ба шумор рафта, дар ҳолатҳои таъмир ва садама истифода мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии “Роғун” баъди боздид аз дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, аз шохаи “А”-и нақби мазкур дидан карданд.

Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад.

Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад.

Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи “А” кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои бетонхобонӣ 1271 метри мукааб, корҳои кафшерӣ 489 метр ва васлу насби варақаҳои оҳанин ба пуррагӣ ба иҷро расидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Роғун” дар рӯди Вахш бунёд гардида, бузургтарин дар силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад.

Агрегати нахустини Неругоҳи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои тезонидани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти кишвар Неругоҳи обии “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд.

Бунёдгузори кохи нур – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи обии “Роғун” ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳанд шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда иштирок намуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда (GlobE Network), ки аз 24 то 27 сентябр дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатии аъзои шабака аз зиёда аз 80 кишвар иштирок ва маъруза намуданд. Онҳо вобаста ба паҳлуҳои мухталифи муқовимати байналмилалӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия музокира анҷом доданд.

Ҷаласа дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шаванд. Ин қарорҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи ҳамкорӣ байни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои ҷаҳон муосидат намоянд.

Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои ҷаласа барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани робита бо ниҳодҳои зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун»шинос гардиданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар ин ҷой аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метркорҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, пурра анҷом ёфтааст.

Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро шудааст.

Ҳоло корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои обқабулкунандаҳои доимӣ аз рӯйи лоиҳа идома дошта, ҳадафи коргарону мутахассисон ба иҷрои босифати нишондодҳо равона карда шудааст.

Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ бошад дар ин мавзеъ 55 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад, ки то имрӯз 80% иҷро шудааст.

Дар минтақаи ядрои сарбанд кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар карда мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди неругоҳ наздики 400 нафар машғули коранд.

Дар ядрои сарбанди неругоҳ 6 намуди маводи асосии сохтмонӣ мувофиқи технология қабат ба қабат хобонида шуда, ҳамарӯза сифати кор санҷида мешавад.

Ҳоло хобонидани мавод, аз ҷумла гилхок ва филтрҳо дар ядрои сарбанд дар сатҳи 1013 метр аз сатҳи баҳр идома дорад. Ҳаҷми лоиҳавии гилхок дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва то имрӯз зиёда аз 561 ҳазор метри мукааб хобонида шудааст.

Дар минтақаи ядрои сарбанд давоми сол дар маҷмуъ 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ хобонида шудааст.

Дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди неругоҳ тақрибан 50 сантиметр баланд бардошта мешавад.

Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1075 метр баробар гардидааст.

Баландии лоиҳавии сарбанди Неругоҳи обии “Роғун” 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин садди чунин навъ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Қабатҳои назди кӯҳ бошад, мувофиқ ба талаботи технологӣ мустаҳкам карда мешавад. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунандаи паҳлуҳои чап ва рости кӯҳ то сатҳи 1110 метр бо шумораи 5093 чоҳ идома дошта, то имрӯз 1800 чоҳ парма ва сементрезӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз ҷараёни фаъолияти хатти конвейерии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Дар қитъаҳои муайяни Неругоҳи обии «Роғун» барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки хатти конвейерӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар маҷмуъ дар ин қитъаи сохтмонӣ 70 нафар дар ду баст фаъолият намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 30 техника ҷалб карда шудааст.

Дар марҳилаи аввал ашёи хом дар конҳо ва қитъаҳои муайяни иншоот тавассути техника ва таҷҳизоти пуриқтидор коркард мешавад.

Бо истифода аз чунин технологияи замонавӣ коргарони муҳандисию техникӣ метавонанд, ки дар як соат то 3500 тонна маҳсулотро омода ва ба воситаи хатти конвейерӣ ба сарбанди неругоҳ интиқол диҳанд.

Таъкид гардид, ки ду қисмати борфарории хатти конвейерӣ дар биефи поёнии сарбанд дар сатҳи 1090 метр ҷойгир аст.

Маҳсулоти сохтмонӣ ба воситаи хатти конвейерӣ то биефи поёнӣ интиқол дода шуда, ба воситаи мошинҳои боркаш ба қитъаҳои сарбанд хобонда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати сохтмон, риояи талаботи лоиҳавӣ, босифат ба анҷом расонидани кор ва тезонидани раванди сохтмон ҷалб намуданд.

Дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир сатҳи гирифторӣ ба бемории сил 39 фоиз кам карда шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи самараноки барномаҳои миллии мубориза бо сил дар Тоҷикистон дар даҳсолаи охир имкон дод, ки сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ 39 фоиз ва фавт 80 фоиз кам карда шавад. Фарогирии табобат барои шаклҳои ба дору тобовари сил 70 фисад ва самаранокии он 75 фоиз мебошад. Ин матлабро 26 сентябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни баргузории ҷаласаи Шарикии «Боз ист, сил» (Stop TB Partnership), ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд, баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025» амалӣ мешавад. Ин кор тавассути таъмини дастрасии ҳамагон ба ташхис ва табобати саривақтии босифати шаклҳои бемории сил ва пешгирии рушди минбаъдаи муқовимат ба маводи мухаддир ба даст оварда мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон Нақшаи дуюми тасдиқшудаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ барои солҳои 2023-2025 амалӣ мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаи вилояти Сурхондарё шинос шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан итттилоъ додем, 26 сентябр аъзои ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуда, оид ба таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи таҷриба намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳайати вилоят дар идомаи сафар дар          корхонаи коркарди пӯсти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бренди Top Quality» бо ҷараёни истеҳсолот ва маҳсулоти тайёр шинос гардид.

Аъзои ҳайат дар маҳаллаи Баҳори ноҳияи Ангор бо таҷрибаи парвариши меваю сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокинон шинос шуданд. Ҳамчунин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли қолинҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Термиз миллий қолинҳо», бо тарзи истеҳсоли хӯроки чорво дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Афросиёб паранда» ва бо фаъолияти корхонаҳои коркарди меваю сабзавот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Gold Dried Fruits Export» шинос шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоятҳои Сурхондарёю Хатлон ва рушди муносибатҳои ду вилоятро дар марҳилаи нав баррасӣ намуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

«ҲАМА БА ХИЗМАТИ ВАТАН ОМОДАЕМ!». Дар Суғд ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву худшиносӣ, ҳисси эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои миллӣ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилояти Суғд таҳти шиори «Ҳама ба хизмати Ватан омодаем!» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо ташаббуси Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ҳамоиш  масъулин хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ, намунаи олии муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ унвон карда, ҷавононро даъват намуданд, ки неруи ҷавониро ба иқдоми созанда ба манфиати давлат ва миллат сарф намоянд.

Таъкид гардид, ки ҳар амали ба манфиати ҷомеа анҷомдодаи ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешавад.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят ва ҷавонони фаъоле, ки мунтазам дар байни ҳамсолон тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳм мегузоранд, ба хотири тарбияи насли ҷавон, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва ҷалби онҳо ба ҷабҳаҳои гуногун бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун»бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри Неругоҳи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.

Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз раванди фаъолият дар сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тоза намудани пешдарғоти сарбанд бо истифода аз 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва бо ҷалби 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ сурат мегирад.

Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иқтидори ҳимоявии сарбанд, тоза намудани сангу шағал ва дигар селовардҳо дар ҳаҷми 350 ҳазор метри мукааб зарур аст ва то имрӯз корҳои иҷрошуда 50 ҳазор метри мукаабро ташкил менамояд.

Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ сохта шудааст.

Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ба нақбҳои обпартои неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами иншооти аср — неругоҳи «Роғун» мусоидати фаъол менамояд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо оғоз хоҳанд кард.

Дар сурати анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва муайян намудани минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро барои гузаронидани омӯзишҳои дақиқ вазифадор карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳама мавзеъҳои неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро собит мекунад.

Азбаски нақши муассир гузоштан дар бунёди НБО «Роғун», ки бузургтарин мактаб дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад, қадами бузург дар роҳи расидан ба таъмини Истиқлоли энергетикӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди Ватан хоҳад буд.


Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, нахуст меҳмонони ҳамоиш бо маҳсули ҳунари дастии хонандагони ихтисосҳои сайёҳии литсей шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.

Иброз гардид, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шудааст. Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар саросари дунё аз соли 1979 гузаронида мешавад, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад.

Тоҷикистон дорои зеботарин табиат, иқлими мусоид, кӯҳҳои сарбафалаккашида, дарёву чашмаҳои мусаффо, обҳои маъданию шифобахш, иқтидори бузурги сайёҳии экологӣ ва мардуми меҳмоннавоз буда, бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон тавонист дар мудати кӯтоҳ ба яке аз ҷумҳуриҳои аз лиҳози сайёҳӣ рушдёфта мубаддал гардад.

Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳони муосир сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Дар фарҷом хонандагон ва кормандону омӯзгорон барои саҳми арзанда дар татбиқ ва пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун»бо ҷараёни корҳо дар нақбщои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз Неругоҳи обии “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.

Корҳо дар деворҳои болоии иншооти мазкур, аз қабили таркишию хокбарорӣ ва сементрезию мустаҳкамгардонӣ инчунин дохили нақбҳои обгузар аз тарафи мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин замон иҷрои корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар ин нақбҳо ба анҷом расонида шуда, иҷрои корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамкунӣ идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои то имрӯз анҷомёфта, баҳои баланд дода, масъулонро босифат ба босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳо ҳидоят намуданд.

Дар ин қитъа корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби коргарон ва мутахассисон, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, бо сифати баланд идома дошта, марҳила ба марҳила ба сатҳи ниҳоӣ наздик мешаванд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки нақбҳои болоии обгузари № 3 ва №4 пурра канда, бо рӯйпӯши муваққатӣ мустаҳкам карда шуда ва сементрезию мустаҳкамсозии ниҳоии он дар ҳаҷми мтаносибан 30 ва 20 фоиз анҷом дода шудааст.

Мутахассисону коргарон бо дилгармӣ дар иншооти мазкур пайи меҳнати созанда буда, талош менамоянд то корҳои ба уҳдадоштаашонро бо сифати баланд ва дар вақтҳои муқараргардида, анҷом диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳаётан муҳим будани бунёди Нергоҳи обии “Роғун” дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол кормандонро ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти босифат дар ин иншооти аср ҳидоят намуданд.

Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар обқабулкунандаҳои доимии сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр дидан намуданд.

Тавре гуфта шуд, сифати корҳо дар ин қитъа ҷавобгӯи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шуруъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву лангарбандии сақфу деворҳо ва дигар корҳо бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда мешаванд.

Афзоиш додани истеҳсоли барқ барои таъмини рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардонидани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба он аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Бо бунёди ин неругоҳи бузург дар баробари аз байн рафтани норасоии неруи барқ инчунин рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум, заминаи устувор фароҳам мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо раванди корҳо бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи бунёдгарони иншооти муҳимми аср дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳо хеле пеш рафтаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” тибқи нақша бо сатҳу сифати баланд идома дошта, бунёдгузорони ин кохи нур ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, то дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни кор дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунандаи доимӣ, ки дар баландиии 1290 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, мушоҳида намуданд.

Дар ин ҷо ҳамчунин ба Пешвои миллат корҳои бетонхобонӣ дар ин шахтаҳо, ки тавассути дастгоҳи махсус ба роҳ монда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Аз ҷмла иттилоъ дода шуд, ки дар шахтаҳои амудӣ корҳо босуръат ҷараён дошта, дар сохтмон маҳсулоти босифат истифода мешавад.

Мавриди таъкид аст, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” идома дошта, мутахассисону кормандон барои саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Ватани соҳибистиқлол ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стартегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Истиқлоли энергетикӣ дилгармона талош менамоянд

«Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» шуруъ аз 30 сентябри соли 2024 парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе оғоз менамояд.

Парвозҳои ҳавоӣ дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шуданд.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, парвозҳо дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе ҳафтае се маротиба: рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд. Нархи чипта дар масири Душанбе-Хоруғ-Душанбе дар як самт 900 сомонӣ буда, шаҳрвандон имкон доранд чиптаҳои парвозро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр», ки дар бинои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1 воқеъ аст, дастрас намоянд. Масофаи парвоз аз Душанбе ба Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин масир парвоз мекард, аз ду муҳаррик иборат буда, ғунҷоиши 17 мусофирро дорад. Он баъди таъмири куллӣ ва тамдид гардидани муҳлати истифодааш парвозҳоро дар самти Душанбе-Хоруғ-Душанбе идома медиҳад.

Ҳавопаймои АН-28, ки дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе аз 30 сентябр ба парвоз оғоз мекунад, ба талаботи бехатарии авиатсионӣ ҷавобгӯ ва мутобиқ мебошад.

26 сентябр ҳавопаймои АН-28 дар фазои Душанбе парвози санҷишии муваффақона анҷом дод. Парвоз аз Душанбе ба Хоруғ соати 8:00 субҳ доир шуда, вақти парвоз 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Чун Бадахшон минтақаи баландкӯҳ мебошад, парвоз дар ин масир ба вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст.

Назар ба иттилои фармондеҳи ҳавопаймои АН-28 Шукрихудо Додихудоев, парвоз дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе душвортарин роҳи ҳавоӣ арзёбӣ мегардад.

Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз моҳи сентябри соли 2021 қатъ шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри «Тоҷик Эйр» қарор дошт, анҷом дода мешуд.


Ҳоло шаҳрвандон ва сайёҳон ба Бадахшон тавассути роҳи мошингард сафар менамоянд, ки 16-17 соат вақтро мегирад. Бо барқарор гардидани роҳи ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе мушкили мусофироне, ки нияти ба Бадахшон сафар кардан доранд, осон мегардад. Яъне онҳо имкон доранд соати 08:00 аз Душанбе ба Хоруғ парвоз намуда, соати 10:00 ба Душанбе баргарданд. Вақти рафту омад ҳамагӣ 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Парвиз Шодмонзода иттилоъ дод, ки ширкат дар оянда тасмим гирифтааст, ки парвозҳои маҳаллиро дар масири Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Ишкошим, Душанбе-Ванҷ, Душанбе-Рӯшон ва Душанбе-Айнӣ, ки қаблан анҷом дода мешуданд, бо истифода аз имконияти мавҷуда барқарор намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/«Тоҷик-Эйр»

БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!

$
0
0

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд: МАТНИ ПУРРА ш. Душанбе 27.09.2024

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби қубурҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-и Неругоҳи обии “Роғун” шинос шуданд.

Дар нақби турбинии мавзеи агрегати мазкур корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунӣ ва сементрезӣ ба анҷом расидааст.

Дарозии қисмати горизонталии нақби турбинии мавзеи агрегати рақами 4-ум 48 ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар нақби мазкур ба масофаи 64 метр оҳанфилизот насб гардида аст, ки 517,4 тоннаро ташкил менамояд.

Ин нақб ҳамчун нақби обрасон аз шахтаи вертикалии сатҳи 1 ҳазору 152 метри обқабулкунаки асосӣ то ба агрегати рақами 4 хизмат мекунад. Қутри нақб 7 ва дарозиаш 459 метрро ташкил менамояд.

Васлу насби оҳанфилизоти обрасон дар нақби турбинии агрегатҳои 3 ва 4 аз ҷониби муҳандисону кормандони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида мешавад.

Ҳоло дар нақби турбинии рақами 3 қисмати оҳанфилизот барои васлу насб омода гардида, дарозии он 16 метр ва вазни умумиаш 141 тоннаро дар бар мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ ва боз ҳам баланд грдидани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми бузург мегузорад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳандисону коргарон ҷиҳати саривақту бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни боздид аз Неругоҳи обии Роғун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Боздид аз нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4-и Неругоҳи обии “Роғун” 27.09.2024

Viewing all 31115 articles
Browse latest View live


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>