Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all 31129 articles
Browse latest View live

Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон тақвият меёбад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аъзои кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон  бо намояндагони барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо барои вусъат ва тақвияти ҳамкорӣ  изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи вохӯрӣ аз муаррифии барномаҳои агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи ҳамкорӣ бо Парлумон ва муҳокимаи самтҳои фаъолияти муштарак бо кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иборат буд.

Таъкид карда шуд, ки тибқи пешниҳоду ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва бо сифат таъмин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки ин вазифаҳо аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз Парлумони мамлакат талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Дар ин замина вакилон ва иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба Маҷлиси Олӣ  пешниҳод намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои тақвият бахшидани фаъолияти Парлумони ҷумҳурӣ усулҳои муосири ҳуқуқэҷодкунӣ ва технологияҳои рақамиро  дар фаъолияташон истифода намооянд.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби барномаҳои  Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» вобаста ба дастгирӣ намудани вакилони кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани иқтидори мушовирон, инчунин навсозӣ ва такмили сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


26 СЕНТЯБР —РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ —ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд. Чунин ибрози назар намудааст сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода дар робита ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ.

— Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.

Яке аз падидаҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие, ки ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олии мамлакат таҳкиму тақвият мебахшад, ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд, мебошанд.

Ташаккули падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамқадами таъсиси парламенти касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он дар натиҷаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 55 ва 69-и Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999 рӯйи кор омад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи мамлакат аз 26 сентябри соли 1999 воридгардида, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас карда шуданд.

Дар асоси банди 1,  моддаи 69-и  Конститутсияи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд. То ворид гардидани тағйиру иловаҳои гуфташуда ин салоҳиятро Маҷлиси Олӣ дошт.

Тағйироти ба моддаи 55 Конститутсия воридгардида муқаррар намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бе қабули қарор ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Барои рушди падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 55 Конститутсияи мамлакат дар асоси тағйиру иловаҳо аз 22 июни соли 2003 дар таҳрири нав ифода гардид, ки тибқи қисми сеюми моддаи мазкур дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Дар мавридҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо навбат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон на дертар аз 15 рӯз то кушодашавии ҷаласаҳо даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян менамоянд. Лоиҳаи рӯзнома, масъалаҳои баррасишаванда ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Шурои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ мекунад. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат раисӣ мекунанд.

Тартиби гузаронидан ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи ҳарду маҷлис аз 27 апрели соли 2000 тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

Барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми сеюми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамояд.

Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 27 апрели соли 2000 дар нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад карда, аз ҷумла, иброз намуданд: «Маҷлиси имрӯза ҳамчун воқеаи муҳимми сиёсӣ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад шуд. Имрӯз, ки якумин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, яъне ҳайати пурраи Маҷлиси Олӣ аст, мехоҳам қабл аз баёни масъалаҳои дигар як андешаи худро хотирнишон созам: ҳар кадоми шумо на танҳо дар ҳавзаҳои алоҳида аз байни якчанд довталаб интихоб шудед, балки дар маҷмуъ мардуми Тоҷикистон аз байни зиёда аз шаш миллион нафар унвони намояндагиро маҳз ба шумо муносиб донист.

Ин боварии бузург аст. Мардум аз вакилони худ умеди зиёд дорад. Бинобар ин, ба хотири сазовор шудан ба чунин эътимоду боварӣ зарур аст, ки фаъолият ва тамоми кӯшиши худро барои манфиатҳои олии халқу Ватан, ободиву тараққиёт ва рушди мамлакат равона созед».

Ҳамин тариқ, аз 27 апрели соли 2000 то 23 декабри соли 2022 – 24 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвиятбахши фаъолияти қонунгузории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мебошанд. Дар мамлакат якчанд санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон таҳия ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд. Чунончӣ, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 декабри соли 2004; 17 сентябри соли 2012; 23-юми декабри соли 2021), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3-юми декабри соли 2004), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23-юми июли соли 2016), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18-уми марти соли 2022), Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми декабри соли 2022), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (аз 2-юми январи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (аз 7-уми августи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (аз 23-юми декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 23-юми декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» (аз 22-юми июни соли 2023) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Инчунин дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2000 Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005 тасдиқ шуд. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид, ки он дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 ва 23 январи соли 2015 таҳия шуда буд. Барои таъмини иҷрои марҳилаҳои якум ва дуюми Стратегия бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (аз 28 декабри соли 2016) ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (аз 16 июни соли 2021) тасдиқ шуданд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии қабулгардида ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими иқтидори мудофиаи мамлакат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун, амнияти давлату ҷомеа ва таҳкими истиқлолият нигаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 июни соли 2023 иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, тибқи он ҳамасола 26 сентябр ҳамчун «Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Муқаррар гардидани рӯзи ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 маҳсуб мешавад.

Тавре дар боло гуфтем, падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 пайдо шудааст. Аз ин лиҳоз, 26 сентябрро метавон ҳамчун рӯзи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҳисобид.

Бояд хотирнишон сохт, ки пас аз пешниҳоди ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар алоҳидагӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, дар ин хусус қарори дахлдор қабул менамоянд. Чунончӣ, 20 январи соли 2023 қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022» қабул гардид. Ҳамчунин Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо санади дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд», тасдиқ намуд.

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи муҳими даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳкимбахши фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 АКС аз бойгонии муаллиф/Dushanbe travel

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» беш аз 60 деҳаи дурдасти Бадахшон бо барқ таъмин мегардад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон (TREP)» дар Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 62 деҳаи бебарқи минтақаҳои дурдасти вилоят бо барқ таъмин мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Қисмати бештари ин деҳаҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ҷойгир мебошанд. Корҳо дар доираи амалисозии лоиҳаи «Барқикунонии деҳоти Тоҷикистон» 13 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то моҳи декабри соли 2025 пурра бояд ба анҷом расанд.

Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳалаи якуми он соли 2021 ба итмом расид. Дар марҳилаи якум  27 деҳаи бе барқ ва 1114 муштарӣ тавассути кашидани хатҳои интиқол ва тақсими неруи барқи 10 ва 0,4кВ бо насби зеристгоҳҳои трансформатории хурд ва гузарондани ноқилҳои дарунӣ ба неруи  барқ пайваст гардиданд.

Дар марҳилаи дуюм, ки соли 2021 оғоз ёфт, сохтмони шабакаҳои хурди автономӣ бо истифодаи панелҳои офтобӣ дар якҷоягӣ бо низоми батареявӣ ва неругоҳи бодӣ дар назар аст. Дар ин марҳила 1928 сокини деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъа бо неруи барқ таъмин мегарданд.

Тибқи лоиҳа, ширкати «Помир Энерҷӣ»  дар ин давра сохтмони 13 неругоҳи барқи обӣ, 30 неругоҳи офтобиро бо низоми батареяҳо ва неругоҳи барқии бодии 200кВт ба нақша гирифтааст, ки иқтидори умумии онҳо 14 мВт-ро ташкил хоҳад дод. Ширкати  «Помир Энерҷӣ» ният дорад, ки то охири соли 2024 боз 7 неругоҳи барқи офтобиро дар якҷоягӣ бо системаҳои батареявӣ бо иқтидори умумии 5,3 мВт дар деҳаҳои Аличор, Башгумбез, Булункӯл, Чечекде, Оқтал, Мамадзоири ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Харгӯшии ноҳияи Ишкошим сохта, ба истифода диҳад.

Ноҳияи Мурғоб минтақаи баландкӯҳ буда, деҳаҳои он аз ҳамдигар дар масофаи 150-200 км ҷойгир мебошанд. Аз ин рӯ, сохтмони иншооти барқӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои барқӣ ба ин деҳаҳо хароҷоти калон талаб мекунад.

Соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мурғоб  Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» баъди навсозӣ ва таҷдид ба истифода дода шуд, ки он маркази ноҳия ва деҳоти атрофро бо барқ таъмин намуд. Вале деҳоти дурдаст, ҳатто наздиктарин нуқтаи аҳолинишин ба маркази ноҳия – деҳаи Мамадзоир ҳанӯз ба барқ дастрасӣ надошт. Аз ин рӯ, бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ширкати «Помир Энерҷӣ» тасмим гирифтанд, ки дар минтақаҳои дурдаст барқкунонии алтернативӣ, яъне ба тариқи энергияи барқии офтобӣ ва бодӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон дод, ки бунёд ва истифодаи ин навъи истгоҳҳои барқӣ дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ, ки ба неруи об камтар дастрасӣ дошта, маҳалҳои зисташон аз ҳамдигар дар масофаҳои дур воқеъ ҳастанд, фоидаовартар мебошад. Марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа то соли 2025 идома ёфта, тавоноии истгоҳҳои барқии офтобӣ дар ин давра аз 33 кВт-и соли 2021 то анҷоми татбиқи барнома ба 2600 кВт мерасад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои иштирок дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар Душанбе беш аз 530 варзишгар номнавис шудаанд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад. Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд. Дар ин хусус шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Федератсияи байналимилалии ҷудо хабар медиҳад.

То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 539 варзишгар (292 мард, 247 зан) аз 67 давлат номнавис шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) иштирок мекунад. Аз байни мардҳо Лоиқ Қутбиддинов, Саъдӣ Маҳмадов, Хайрулло Ғанизода дар вазни то 60 кг, Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров ва Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода, Сунатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода ва Сомонӣ Кишваров дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок мекунанд.

Ҳамчунин байни духтарон Зуҳал Ҷумъаева бо Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан ва Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг, Ҷонона Назарова дар вазни то 63 кг, Виктория Киселева дар вазни +78 кг иштирок менамоянд.

Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ин чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин бор баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Олимон бо таҳқиқи зери пиряхи Туэйтс хавфи эҳтимолиро барои сайёра ошкор намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Олимон, ки яхшиканҳо ва роботҳои зериобӣ истифода мебаранд, дарёфтанд, ки пиряхи Туэйтс дар Антарктида бо суръати тез об мешавад ва эҳтимол дар ҳоли фурӯравии зуд қарор дошта, боиси хавфи баландшавии сатҳи ҷаҳонии баҳр гардад.

Аз соли 2018 инҷониб гурӯҳи олимон пиряхи Туйэтсро, ки онро «Пиряхи Рӯзи қиёмат» низ меноманд, таҳқиқ менамоянд, то дарк кунанд, ки он чӣ гуна ва кай метавонад фурӯ равад.

Маълумоти онҳо, ки дар якчанд таҳқиқот оварда шудаанд, манзараи равшанро дар бораи ин пиряхи мураккаб ва ҳамеша тағйирёбанда баён мекунанд. Дар гузориши  нашршуда олимон дурнаморо «тира» гуфта, хулосаҳои калидии таҳқиқоти шашсоларо ошкор кардаанд.

Онҳо ба хулосае омадаанд, ки талафоти ях дар ин аср суръат мегирад. Геофизики баҳрии Хадамоти британии Антарктика ва узви  дастаи «ITGC» Роб Лартер гуфт, ки коҳишёбии пиряхи  Туэйтс давоми 30 соли охир ба таври назаррас суръат гирифт. «Таҳқиқоти мо нишон медиҳад, ки он боз ҳам тезтар коҳиш меёбад», — гуфт ӯ.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки Туэйтс ва сипари яхии Антарктида метавонанд давоми 200 сол фурӯ раванд ва оқибати харобиовар ба вуҷуд оранд.

Туэйтс дорои оби кофӣ буда, метавонад сатҳи баҳрро беш аз 2 фут баланд кунад. Аммо азбаски он ҳамчун пешбанди нигоҳдорандаи сипари яхии азими Антарктика амал мекунад, фурӯравии он метавонад дар ниҳоят ба болоравии сатҳи баҳр тақрибан ба андозаи 10 фут оварда расонад ва ба ҷамъиятҳои соҳилӣ аз Майами ва Лондон то Бангладеш ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором хисорот расонад.

Олимон кайҳо боз медонистанд, ки Туэйтс, ки ба андозаи Флорида мебошад, қисман аз ҷиҳати ҷуғрофияаш осебпазир мебошад. Замине, ки дар он Туэйтс ҷойгир аст, майл  ба поён дошта,  ҳангоми обшавии  ях он  бештар ба оби нисбатан гарми уқёнус дучор мешавад.

Бо вуҷуди ин, қаблан дар бораи механизмҳои коҳишёбии  он маълумоти камтар  буд. «Антарктида бузургтарин харитаи пешгӯинашаванда барои дарк ва пешгӯии болоравии ояндаи сатҳи баҳр боқӣ мемонад», — изҳор доштанд олимони ITGC.

Давоми шаш соли охир бо мақсади ба ин масъала равшанӣ андохтан олимон якчанд таҷриба гузарониданд.

Онҳо роботи торпедошакли «Icefin»-ро ба хати ба замин пайвастшавии Туэйтс, ки он ҷо ях аз қабати баҳр баланд шуда, ҳаракат мекунад, яъне нуқтаи асосии осебпазирӣ равон карданд.

ДАР АКС: Роботи «Icefin» дар зери яхҳои баҳрӣ дар наздикии истгоҳи Мак-Мердо

Пиряхшиноси Донишгоҳи Портленд Кия Риверман гуфт, ки сабти нахустини «Icefin» аз он ҷо эҳсосӣ буд. «Фикр мекунам, ин барои пиряхшиносон он гуна таъсири эҳсосиеро дошт, ба мисли ба Моҳ фуруд омадан барои ҷомеа. Ин рӯйдоди бузург буд. Мо ин ҷойро бори нахуст дидем», — гуфт ӯ.

Бо шарофати тасвирҳои «Icefin» онҳо мушоҳида намуданд, ки пирях ба таври ғайричашмдошт об мешавад ва оби гарми уқёнус метавонад аз тарқишҳои амиқ ва «зинаҳо»-и дар ях ташаккулёфта гузарад.

Таҳқиқоти дигар бо истифода аз маълумоти моҳвораӣ ва GPS барои омӯзиши таъсири обхезӣ муайян кард, ки оби баҳр беш аз 6 мил зери Туэйтс ҷорӣ шуда, оби гармро дар зери ях ба вуҷуд овардааст ва боиси обшавии босуръати он гардидааст.

Олимони зиёд таърихи Туэйтсро боз амиқтар омӯхтанд. Гурӯҳе, ки ба ҳайати он профессори Донишгоҳи Хюстон Ҷулия Велнер дохил буд, барои таҳқиқи гузаштаи пирях ядроҳои таҳшинҳои баҳриро таҳлил кард. Ӯ муайян намуд, ки қафоравии босуръати он ҳанӯз солҳои 1940-ум, эҳтимол бар асари падидаи хеле қавии ал-Нино — тағйирёбии табиии иқлим, ки одатан тамоюли таъсири гармкунанда дорад, оғоз шудааст.

Ин натиҷаҳо «ба мо дар бораи ҳаракати ях тасаввуроти умумӣ ва тафсилоти бештар медиҳанд», — гуфт Велнер ба CNN.

Хабари дигар дар бораи раванде аст, ки ба андешаи олимон, метавонад боиси обшавии зуд гардад.

Нигароние вуҷуд дорад, ки агар пиряхҳои тунукобаи Туэйтс фурӯ раванд, он гоҳ кӯҳпораҳои баланди яхӣ ба уқёнус роҳ меёбанд. Ин кӯҳпораҳои баланд метавонанд ба осонӣ ноустувор гарданд ва ба уқёнус афтанд ва кӯҳпораҳои боз ҳам баландтарро ташкил диҳанд, ки ин раванд такрор ба такрор ба вуҷуд меояд.

Вале, тарҳсозии компютерӣ нишон дод, ки ҳарчанд ин падида воқеӣ аст, эҳтимоли рух додани он нисбат ба тахмини қаблӣ камтар аст.

ДАР АКС: Пиряхи Туэйтс дар Антарктида

Ин маънои онро надорад, ки Туэйтс бехатар аст.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки тамоми Туэйтс ва сипари яхии Антарктида метавонанд дар асри 23 нест шаванд. Ҳатто агар одамон сӯхтани сӯзишвории истихроҷшавандаро зуд қатъ кунанд ҳам – ин кор рух намедиҳад ва барои наҷот додани он хеле дер мешавад.

Ҳарчанд ин марҳилаи лоиҳаи «ITGC» анҷом меёбад, аммо олимон мегӯянд, ки барои омӯзиши ин пиряхи мураккаб ва муайян кардани бе бозгашт будани қафоравии он бояд таҳқиқоти бештар анҷом шавад.

«Ҳарчанд ба пешравӣ ноил шудем, вале то ҳол вобаста ба оянда номуайянии амиқ дорем, — гуфт пиряхшиноси Донишгоҳи Калифорния дар Ирвин ва аъзои дастаи «ITGC» Эрик Ригнот. — Ман ҳоло бисёр нигарон ҳастам, ки ин бахши Антарктида аллакай дар ҳолати харобшавӣ қарор дорад».

АКС аз манбаъҳои боз

БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!

$
0
0

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мақомоти ваколатдор) ва ташкилотҳои харидор довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамоянд: МАТНИ ПУРРА ш. Душанбе 26.09.2024

«Дар Тоҷикистон танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст», —бардошт аз конфронс дар Душанбе

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзуи «Дарки таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ» ҷаласаи минтақавӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс намояндагону муҳаққиқон аз давлатҳои аъзои Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Маркази байналмилалии рушди якпорчагии кӯҳистонӣ, нозирон ва намояндагони созмонҳои гуногуни ҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз давлатҳои Бангладеш, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Покистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни конфронс масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар самти таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва динамикаи обшавии пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки «имрӯз дар аксар минтақаҳои ҷаҳон офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза ва тӯфонҳои чангу ғубор ба амал меоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд соли охир таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва обшавии пиряхҳо бештар гардида, танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст».

Рустам Назарзода зимни ҷаласа аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, ин иқтибосро мисол овард: «Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. Ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд».

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати гуфт, ки солҳои охир ба амал омадани чангу ғубори зиёд ба яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар минтақаҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро зарур аст дар самти пешгирии офатҳои табиӣ якҷоя фаъолият намоянд.

«Ба амал омадани чангу ғубор асосан ба инсонҳо ва соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, то мушкилоти инсонҳо ва соҳаи кишоварзии давлатҳо ба ҳадди имкон бартараф шаванд»,-афзуд Кавилмадам Рамасвами Парвати.

Иброз гардид, ки тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳо ва иқтидори офатҳои дуюмдараҷа, аз ҷумла хушксолӣ ва обхезӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, Осиёи Шарқӣ ва Шимолу Шарқӣ, Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ таъсир расониданд.

Ҳамчунин иштирокчиён механизмҳои асосӣ ва фарқияти минтақавии таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба обшавии пиряхҳо, аз ҷумла суръати обшавӣ, хосияти ҳароратӣ ва таъсири мутақобили моддаҳои олудакунанда, мушкилот дар мониторинги таъсир, аҳамияти ҳамкории минтақавӣ ва фаромарзӣ дар робита ба ин масъала, стратегияҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин барои мусоидат ба ҳамкории муассир ва мубодилаи маълумот байни коршиносонро баррасӣ намуданд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиё ва Уқёнуси Ором низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир барои баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Дар Ню-Йорк зарурати саривақтии ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо муҳим арзёбӣ гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар ҳошияи Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти сатҳи баланд таҳти унвони «Об омили муттаҳидӣ: таъмини ояндаи муштараки дастрасӣ ба об дар шароити болоравии сатҳи баҳр ва обшавии босуръати пиряхҳо», ки бо ибтикори Тоҷикистон доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокчиён баргузории чорабиниро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти обшавии босураъати пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи баҳрҳо муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гашт, ки ин раванд ба ҳаёти миллионҳо нафар таъсир расонида, боиси хисороти зиёди иқтисодӣ мегардад. Чорабинӣ ҳамчун марҳилаи муҳими раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе дар назар аст, муҳим дониста шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён зарурати андешидани тадбирҳоро дар самти ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши баландшавии сатҳи уқёнус, ҷамъоварӣ ва коркарди додаҳо, таҳвили технологияи муосир барои мониторинг, татбиқи чораҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани воситаҳои молиявӣ барои  дастгирии кишварҳои ниёзманд аз ҷониби кишварҳову созмонҳои шарик таъкид карданд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Антигуа ва Барбуда- Чет Грин, Миср- Бадр Абдулатӣ, Индонезия- Ретно Марсудӣ, Сант Лусия- Алва Баптист, муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Беррис Экинҷӣ, муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷинхуа, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло, Президенти Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ, раиси «СММ-об» Алваро Ларио, фиристодаи махсуси Президенти Фаронса доир ба Саммити «Оби ягона» Барбара Помпили ва дигарон иштирок намуданд.

АКС:  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар Душанбе татбиқи Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат баррасӣ шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор /ХБА/ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкорӣ дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ ва оид ба вазъи макроиқтисодии ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, оид ба захираҳои байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба сиёсати пулию қарзӣ ва тавозуни пардохт, тағйирот дар бозори асъор, сатҳи таваррум, инчунин иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор ва раванди иҷрои Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат, ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок бобати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, табодули назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии татбиқи ислоҳоти сохтории ҳаётан муҳим 28 феврали соли 2024 Шурои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument)-ро ба муҳлати 22 моҳ барои Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат фишанги ғайримолиявӣ буда, дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Барнома барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим буда, истифодаи он ба баланд бардоштани ҷолибнокии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

  АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 зиёда аз 110 ширкати сайёҳӣ ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) беш аз 110 ширкати сайёҳӣ, ҳунармандон ва намояндагони 16 давлат иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дорои табиату кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои бузург, дарёҳои бешумор, обҳои маъданӣ, шифобахшу ширин, фарҳанги бостониву асил буда, пайваста таваҷҷуҳи мардуми ҷаҳонро ҷалб менамояд.

Ҳамин аст, ки танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 580 ҳазор сайёҳ аз 129 давлати ҷаҳон ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омаданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба қатори панҷгонаи беҳтарини сайёҳони хориҷии боздидкунандаи Тоҷикистон давлатҳои Узбекистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дохил гардидаанд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ сайёҳони хориҷӣ бештар ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба бунёди роҳҳои замонавӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд, марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ, хизматрасонии мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба таври назаррас сода гардонидани низоми раводид барои ҷалби бештари сайёҳон аз саросари ҷаҳон равона шудааст.

Хотирнишон месозем, ки дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасониро муаррифӣ намуданд.

DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат,  омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

27-28 сентябр дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел дар назар аст

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 27-28 сентябр дар якчанд ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани сел эҳтимол дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, дар чунин рӯзҳо сокинон бояд вазъи боду ҳаворо ба назар гирифта, амал намоянд.

Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Барои пешгирӣ аз ворид шудани оби сел ба хонаҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳо бояд сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу рег тоза карда шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ҳамкории минтақавӣ дар самти татбиқи конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мубориза бо биёбоншавӣ баррасӣ шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ оид ба татбиқи се конвенсия, аз қабили конвенсияҳо оид ба гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва  мубориза бо биёбоншавӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафир оид ба супоришҳои махсус, намояндаи махсуси вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои иқлим Сергей Кононученко дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот  ҳамзамон иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронсҳои Тарафҳо оид ба се конвенсияи мавриди назар, таҳияи мавқеи ягона оид ба қабули қарорҳо, ташкили вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар раванди конфронсҳои Тарафҳо оид ба татбиқи ин конвенсияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологии давлатҳо  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши Қазоқистон оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор иштирок намуданд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот байни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар масири шимолӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд. 

Ҳамоиш дар заминаи Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо баргузор гардид.

Коршиносон оид ба нишондиҳандаҳои асосии вазъи нашъамандӣ дар минтақа сухан гуфта, сохтори ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои нашъадор, маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои мусодирашударо шарҳ доданд.

Ҳамчунин мушкилот дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои такмили механизмҳои ҳамкорӣ бо назардошти тамоюлҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён феҳристи тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор таҳия намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар кори он оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи сентябри соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Барои ин ҳар узви ҳизб барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳӣ саҳми босазо мегузорад.

Дар конференсия иброз гардид, ки Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсӣ нақша дорад дар фаъолияти минбаъда ва соли оянда тибқи талаботи Оинномаи ҳизб дар ташкилоти ҳизбӣ барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳизб соатҳои сиёсӣ баргузор намояд. Инчунин бо мақсади омодагӣ ба маъракаҳои сиёсӣ, интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакалони халқ фаъолияти минбаъдаро бо назардошти омилҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷаҳони муосир ва тамоюлҳои асосии фазои сиёсӣ ба роҳ монад.

Дар идомаи конференсия аз рӯи масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ  қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Дар фарҷом ба як гурӯҳ ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  пайваст шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид. Ҳамзамон якчанд кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, ки дар амалигардонии барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд

$
0
0

ДУШАНБЕ, 26.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иштирок дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷинхуа доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо атрофи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (ш. Душанбе, моҳи майи соли 2025) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (ш. Душанбе, соли 2028) мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз таҷлил карда шуд

$
0
0

24 сентябри соли 2024 дар шаҳри Риёз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба ифтихори 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони воломақоми Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аъзои корпуси дипломатии муқими Риёз, намояндагони доираҳои расмию корӣ ва васоити ахбори омма, инчунин ҳамватанони тоҷикистонии муқими Арабистони Саудӣ иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, таҳкими асосҳои давлати демкоративу ҳуқуқбунёд ва татбиқи стратегияҳо ва ҳадафҳои авлавиятноки худ қадамҳои устувор мениҳад.

Дар идомаи суханронӣ бо ишора ба нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои мудирияти захираҳои обӣ, мубориза бо терроризм, таъмини суботу амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ маълумот пешниҳод карда шуд.

Зимни ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки овозхонон ва навозандагони тоҷик пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон намоишгоҳи аксҳо, китобҳо ва варақаҳои иттилоотӣ ташкил карда шуд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, ҷумъа, 271-умин рӯзи соли 2024 аст

$
0
0

11 сол пеш, 27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Сангвор бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба мавзуи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон доир шуда буд, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

27 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд

***

 4 сол пеш, 27 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи ҳайати намояндагони илму фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва шуъбаи Навоии Академияи илмҳои Узбекистон (АИУ) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ба имзо расид.

***

27 сентябри соли 2022  дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзуи «Душанбе-шаҳри имконоти рушди сайёҳии устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи «Diplomatic world» барои табодули таҷриба ва эътирофи иқтидори истифоданашудаи сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ ва табиӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

27 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ.

***

Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо асосан бебориш  пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони  бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борони майда меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

ИМРӮЗ —РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1979 инҷониб дар ҷаҳон ҳамасола 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Мақсад аз он нишон додани саҳми бахши сайёҳӣ дар иқтисоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушди робитаҳо байни давлатҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Тибқи маълумоти сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид, дар 7 моҳи соли 2024 беш аз 790 миллион сайёҳ аз давлатҳои худ ба хориҷа сафар кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023   11% зиёд ва назар ба соли 2019    4% кам мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар ин замина танҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2024  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 748,3 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ омадаанд. Аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ чун сайёҳ ворид гардидаанд.

Дар мамлакат 338 субъекти хизматрасони сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки инҳо 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел (меҳмонхонаҳои хурд), 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг (истгоҳи тобистона барои сайёҳон),  4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.

Фаъолият намудани  214 ширкати сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз ин шумора 41 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 101 адад ба шаҳри Душанбе, 46 адад ба вилояти Суғд, 17 адад ба вилояти Хатлон  ва 9 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рост меояд, аз рушди соҳаи сайёҳии мамлакат дарак медиҳад.

Дар ҷаҳон даромади сайёҳии байналмилалӣ баъди нафт ва маводи доруворӣ ҷойи сеюмро ишғол карда, он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз 127 давлати ҷаҳон сайёҳон ворид шудаанд. Ба панҷгонаи беҳтарин давлатҳо аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон Узбекистон бо 205,1 ҳазор нафар, Русия бо 31,9 ҳазор нафар, Қазоқистон бо 7,1 ҳазор нафар, Чин бо 2,8 ҳазор нафар ва Туркия бо 2,5 ҳазор нафар ворид гардидаанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии сабтшуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мавҷуд мебошанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориро боз ҳам бештар менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар Тоҷикистон якчанд стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009», «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019», «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014», «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017», «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020», «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мешаванд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи худ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо намуда, бо боду ҳавои тоза, обҳои шифобахш, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор, ки диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд, машҳур гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳон метавонанд бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, Қалъаи Хуҷанд, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, Осорхонаи миллӣ, осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Ямчун» (Бибӣ Фотимаи Заҳро), «Баҳористон», «Сатурн», «Хоҷа Оби гарм», «Сароб», Сафеддара», «Пули сангин», «Чилдухтарон» ва дигар мавзеъҳои ҷолиб шинос шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба узвияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар ин замина ҳамкорӣ бо онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ қарор дод. Соли 2007 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии мамлакат дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои давлат ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.

Бо назардошти дорои таъриху фарҳанги пурғановат, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат будани мамлакат ва сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, дар раддабандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоён касб намудааст.

Ёдовар мешавем, ки беш аз 40 сол мешавад, ки аксар мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳиро ҷашн мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз соли 2007 ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамасола бо баргузор намудани озмунҳо, форумҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ онро ҷашн мегирад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

«Истиқлол» дар даври дуюми Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад

$
0
0

ДУШАНБЕ, 27.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад. Ин бозӣ 1 октябри соли равон дар Фӯлодшаҳри Эрон баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар мавсими нави Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё чанд рӯз пеш бозии аввалинро дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар гурӯҳи «С» дар майдони худ бо дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор карда буд. Вохӯрӣ ин дастаҳо бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун дар Уммон бар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Голи ягонаи дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эронро ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов ба нишон расонид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Viewing all 31129 articles
Browse latest View live


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>