Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29754

Ҷангиёни ДИ шабакаи сохтани шиносномаҳои қалбакӣ таъсис доданд

$
0
0

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҷангиёни «Давлати исломӣ» шабакаҳои сохтани шиносномаҳои қалбакии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро таъсис додаанд. Дар ин бора вазири корҳои дохилии Фаронса Бернар Казнев изҳори назар кардааст, иттилоъ медиҳад «Fox News».
Бернар Казнев иттилоъ дод, ки шиносномаҳои қалбакиро дар Сурия, Ироқ ва Ливия тайёр мекунанд.
Казнев ин нуктаро пас аз мулоқот бо мансабдорони аврупоӣ изҳор кард. Ӯ дар ин мулоқот пешниҳод намуд, ки барои тафтиши гурезагоне, ки талоши бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ИА ворид шуданро доранд, гурӯҳи нави мақсаднок ташкил шавад.
Инчунин чанде қабл директори Европол Роб Уэнрайт дар бораи таҳдидҳои зиёди гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба Аврупо иттилоъ дода буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29754

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>